Маросими савгандёди Рӯҳонӣ: Пирӯзии эрондӯстӣ бар эронситезӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i21236-Маросими_савгандёди_Рӯҳонӣ_Пирӯзии_эрондӯстӣ_бар_эронситезӣ
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон ҳузури 105 ҳайати хориҷиро дар маросими савгандёди дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон, нишонаи шикасти рӯйкарди эронҳаросӣ ва эронситезӣ донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 07, 2017 06:31 Asia/Dushanbe
  • Маросими савгандёди Рӯҳонӣ: Пирӯзии эрондӯстӣ бар эронситезӣ

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон ҳузури 105 ҳайати хориҷиро дар маросими савгандёди дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон, нишонаи шикасти рӯйкарди эронҳаросӣ ва эронситезӣ донист.

Баҳроми Қосимӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории донишҷуёни Эрон (ИСНО) гуфт, бадхоҳони Эрон ҳамчун режим саҳюнистӣ ва бархе аз рақибони минтақаӣ ва фаромитақавии Эрон дар солҳои гузашта талош карданд, ки эронситезиро ташвиқ ва Эронро кишваре ноамн ва бесубот муаррифӣ кунанд, аммо ҳузури бошукӯҳи мардум дар интихобот ва ҳамчунин баргузории маросими савгандёди Ҳасан Рӯҳонӣ нишондиҳандаи шикасти сиёсатҳои кинатӯзонаи онон аст. Вай афзуд, маросими савгандёди дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳури Эрон бо ҳузур 105 ҳайати хориҷӣ, ба як маросими байналмилалӣ табдил шуд ва ҳайатҳои мухталиф бо ҳузур дар ин маросими омодагии кишварҳои худро барои тавсеаи равобит бо Эрон ва густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ нишон доданд.

Қосимӣ ҳамчунин сиёсатҳои Теҳрон дар муқобила бо терроризм дар минтақаро омили дигаре донист, ки сабаб шудааст нигоҳи ҷадид ва мусбати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Эрон шакл гирад.

Ҳасани Рӯҳонӣ ҳафтумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе барои дуввумин давра савганд ёд кард, ки посдори Ислом, низоми Ҷумҳурии исломӣ ва Қонуни асосии Эрон бошад.