Август 07, 2017 16:29 Asia/Dushanbe
  • Кумаки иттиҳоди бонувони мусулмони Русия ба хонаводаҳои муҳоҷири мусулмон

Хонуми Наиля Зиганшина, раиси Созмони иҷтимоии иттиҳоди бонувони мусулмони Русия дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаъолиятҳои ин созмон аз ҷумла кумакҳои он ба хонаводаҳои муҳоҷирони мусулмонро шарҳ дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Наиля Зиганшина, раиси Созмони иҷтимоии  иттиҳоди бонувони мусулмони Русия, аз ҷумлаи барандагони яке аз ҷоизаҳои сеюмин Ҳамоиши байналмилалии Маҷмаи бонувони ривоҷдиҳандаи фарҳанг Разавӣ аст, ки ин ҷоизаро ахиран дар шаҳри Машҳад ва дар солрӯзи милоди имом Ризо (а) барои ривоҷ додани андешаҳои исломӣ миёни бонувони мусулмони Русия дарёфт кардааст .

Зиганшина гуфт, Созмони иҷтимоии иттиҳоди бонувони мусулмони Русия дар соли 2012 таъсис ва дар Вазорати додгустарии Русия ба унвони созмони иҷтимоӣ сабти ном шудааст, ки метавон гуфт, таъсиси чунин созмоне барои фаъолияти бонувони мусулмони Русия дар торихи даврони пас аз фурӯпошии Шӯравӣ падедае бесобиқа аст .

Ба гуфтаи вай, дар авоили қарни 20 ва дар даврони ҳукумати тзарии Русия қабл аз ба қудрат расидани низоми коммунистӣ, созмони мушобеҳе барои дифоъ аз ҳуқуқи бонувони мусулмон дар қаламрави Русия фаъолият мекард, аммо бо ба қудрат расидани коммунистҳо дар соли 1917 фаъолияти ин созмон ҳам мамнуъ шуд .

Ин фаъоли мазҳабӣ ва фарҳангии Русия, муҳимтарин меҳвари фаъолияти Созмони иҷтимоии иттиҳоди бонувони мусулмонро тарбияти саҳеҳи насли ҷавон бар асоси омӯзаҳои дини ислом хонду гуфт: Бахши умдае аз ин таклифи илоҳӣ бар души бонувони мусулмон ниҳода шуда ва бонувони мусулмон дар ҳар кишваре, ки бошанд, вазоиф ва масъулятҳои муштараке доранд .

Наиля Зиганшина ҳамчунин бо ишора ба ҳузури теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик аз ҷумла атбои мусулмони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамроҳи хонаводаҳои хеш дар Русия гуфт: Иттиҳоди бонувони мусулмони Русия дар заминаи корёбӣ, таҳияи асноди мавриди ниёз барои сабт дар идораҳои кор ва умури иҷтимоӣ, гирифтани муҷаввизи иқомат барои хонаводаҳо ва кумак ба онон барои татовуқ бо шароити зиндагӣ дар Русия ба муҳоҷирони корӣ кумак мекунад .

Зиганшина аз ҳузури миллионҳо мусулмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия ибрози хурсандӣ карду гуфт, ҳузури ин муҳоҷирон боис шуд, то зарфияти масҷидҳои Русия такмил шавад ва ба ҳамин сабаб, барномаи сохти масҷид дар қаламрави Русия оғоз шуд, ки ин мавзуъ ба нафъи мусулмонони Русия низ буд .

Вай ҳамчунин аз занони мусулмоне, ки дар кишварҳое бо ҳукуматҳои динситез зиндагӣ мекунанд, хост, сатҳи маърифату огоҳии сиёсӣ ва динии хешро боло баранд ва равишҳои мусолиматомезро барои муқовимат дар баробари иқдомоти динситезона ба кор гиранд .

Наиля Зиганшина аз ҷумҳурии исломии Эрон ба хотири баргузории Ҳамоиши байналмилалии Маҷмаи бонувони тарвиҷдиҳандаи фарҳанги Разавӣ дар шаҳри Машҳад қадрдонӣ кард .