Нишасти Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешавад
Вазири энергетикаи Тоҷикистон, ки барои ширкат дар маросими савганди раисҷумҳури Эрон ба Теҳрон сафар карда буд, бо ҳамтои эрониаш дар Теҳрон дидор карданд ва дар бораи баргузории нишасти Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои ду кишвар ба тавофуқ расиданд.
Дар ин дидор, Ҳамиди Читчиён, вазири нерӯи Эрон ва Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба тавофуқоте дар мавриди нишасти отии Комиссияи муштараки Теҳрон ва Душанбе даст ёфтанд .
Читчиён дар ин дидор бо ишора ба қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи барқӣ-обии «Сангтӯда-2» ибрози умедворӣ кард, мавзуи пардохти қарзҳо ҳарче сареътар ҳал шавад, то доманаи ҳамкориҳо густариш ёбад .
Вай бо таъкид бар аҳаммияти иҷрои тарҳи «КАСА-1000» афзуд: Бо ба итмом расидани ин тарҳ, Теҳрон қасд дорад, бо он ҳамкорӣ кунад ва дар оянда шояд бахше аз барқи тавлидии нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз тариқи ин тарҳ ба Эрон интиқол ёбад .
Нишасти отии комиссияҳои давлатии ду кишвар дар Душанбе баргузор мешавад, аммо дар мавриди торихи дақиқи баргузории он иттилооте ироа нашудааст.