Эъломи номи вазирони пешниҳодии ҳукумати дувоздаҳуми Эрон ба Маҷлиси Шӯрои Исломӣ
(last modified Tue, 08 Aug 2017 10:31:41 GMT )
Август 08, 2017 15:31 Asia/Dushanbe
  • Эъломи номи вазирони пешниҳодии ҳукумати дувоздаҳуми Эрон ба Маҷлиси Шӯрои Исломӣ

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар номае вазирони пешниҳодии ҳукумати дувоздаҳумро ба Маҷлиси Шӯрои Исломӣ муаррифӣ кард.‏

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тибқи муқаррароти асли 133-и Қонуни Асосӣ барои гирифтани раъйи эътимоди вакилони парлумон номи вазирони пешниҳодии худро ба Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ироа кардааст.

Ҳукумати ҷадид Муҳаммадҷаводи Зарифро  барои тасаддии Вазорати умури хориҷӣ, Амир Ҳотамиро барои тасаддии Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ, Бежани Занганаро барои тасаддии Вазорати нафт, Абдурризо Раҳмони Фазлиро барои тасаддии Вазорати умури дихолӣ ва Сайидмаҳмуди Алавиро барои тасаддии Вазорати иттилоот ба парлумон ироа кардааст. Муҳаммадҷавод Озарии Ҷаҳрумӣ барои тасаддии Вазорати иртиботот ва фанноварии иттилоот, Масъуди Карбосиён барои тасаддии Вазорати умури иқтисодӣ ва дороӣ, Муҳаммад Батҳоӣ, барои тасаддии Вазорати омӯзишу парвариш, Ҳасан Қозизодаи Ҳошимӣ барои тасаддии Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкӣ, Алии Рабеӣ, барои тасаддии Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ, Маҳмуди Ҳуҷҷатӣ барои тасаддии Вазорати ҷиҳоди кишоварзӣ, Сайид Алиризо Овоӣ барои тасаддии Вазорати додгустарӣ, Аббоси Охундӣ барои тасаддии Вазорати роҳ ва шаҳрсозӣ, Муҳаммади Шариатмадорӣ барои тасаддии Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорат, Сайидаббоси Солеҳӣ барои тасаддии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, Ҳабибуллоҳи Бетараф барои тасаддии Вазорати нерӯ ва Масъуди Султонифар барои тасаддии Вазорати варзиш ва ҷавонон аз ҷумлаи дигар вазирони пешниҳодии ҳукумати ҷадиди Эрон ҳастанд.

Вазири улум ва таҳқиқоту фанноварии Эрон баъдан муаррифӣ хоҳад шуд. Дар айни ҳол Эрон 18 вазорат дорад.