Август 08, 2017 19:45 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Амрико бозандаи нақзи БАРҶОМ хоҳад буд

Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, дар сурати нақзи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак аз сӯйи Амрико бозандаи аслӣ худи Амрико хоҳад буд.

Алиакбар Солеҳӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “ал-Маёдин”-и Лубнон гуфт, дар сурати нақзи БАРҶОМ масъулияти ин иқдом бар уҳдаи Амрико аст ва Эрон ҳеҷ масъулияте надорад, зеро Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ‏‏ҳафт навбат гузориш дода, ки Эрон ба тааҳҳудҳои худ пойбанд будааст. Раиси Созмони энержии атомии Эрон афзуд, бо таваҷҷуҳ ба таъйиди тавофуқи ҳастаӣ аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо, Чин, Русия ва давлатҳои ҷаҳон хориҷ шудани Амрико аз БАРҶОМ ҳаргиз таъсире бар ин тавофуқ нахоҳад дошт. Ӯ гуфт, дар сурати нақзи БАРҶОМ аз сӯйи Амрико ҳама гузинаҳои Эрон рӯйи миз хоҳад буд ва Теҳрон мутаносиб бо чигунагии рафтори Амрико бо ин тавофуқ ба Вашингтон посух хоҳад дод. Солеҳӣ таъкид кард, пас аз тавофуқи ҳастаӣ бо “Гурӯҳи 5+1” фаъолияти ҳастаии Эрон беҳтар аз гузашта идома дорад.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва “Гурӯҳи 5+1”, шомили Русия, Чин, Бритониё, Фаронса, Амрико ва Олмон аз январи соли 2016 иҷроӣ шудааст, аммо Ҳукумати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ БАРҶОМ-ро нақз мекунад.

 

Барчасп