Ҳодиса дар таъсисоти ҳастаии Эрон ва зарурати мубориза бо терроризми ҳастаӣ
(last modified Mon, 12 Apr 2021 11:04:12 GMT )
Апрел 12, 2021 16:04 Asia/Dushanbe
  • Субҳи рӯзи якшанбе дар қисмати муассисаи ғанисозии Натанз садама рух дод
    Субҳи рӯзи якшанбе дар қисмати муассисаи ғанисозии Натанз садама рух дод

Бомдоди рӯзи якшанбе, ҳодисае дар бахше аз шабакаҳои тавзеи барқи таъсисоти ғанисозии Натанз рух дод.

Раиси созмони энержии атомии Эрон «Алӣ Акбари Солеҳӣ » дар вокуниш ба ҳодисаи Натанз дар "Муҷтамаъи ғанӣсозии шаҳид Аҳмадии Равшан " , зимни маҳкум кардани ин ҳаракат  гуфт; тероризми ҳастаӣ, ки алайҳи маркази ғанӣсозии Натанз анҷом шуд нишондиҳандаи шикасти мухолифони пешрафтҳои саноатӣ ва сиёсии кишвар барои ҷилавгирӣ аз тавсеъаи чашмгири саноати ҳастаист. 

 

« Муҳаммадҷаводи Зариф » вазири умури хориҷаи Эрон ҳам рӯзи душанбе дар нишасти комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Шӯроии исломии Эрон бо ишора ба ҳодисаи Натанз бар зарурати ҳифозати муносиб аз таъсисот ва донишмандони ҳастаӣ дар ин шароити ҳассос таъкид кард. 

Зариф бо баёни ин ки мақомоти сиёсӣ ва низомии режими саҳюнистӣ гуфта буданд, ки иҷозаи пешрафт дар рафъи таҳримҳои золимонаро нахоҳанд дод ва акнун тасаввур мекунанд ба ҳадафи худ мерасанд, илова кард: саҳюнистҳо посухи худро дар пешрафтҳои бештари ҳастаии Эрон хоҳанд гирифт. 

Таъсисоти ҳастаии Натанз дар гузашта низ мавриди ҳамалоти сойберии муштараки Амрико ва Исроил қарор гирифтааст. Собиқаи ин ҳамалот ба соли 2006  даврони раёсати ҷумҳурии Ҷорҷ Буш мерасад, ки дар замони раёсати ҷумҳурии Обама низ такрор шуд.Истифодаи нармафзори зараровари Doko дар ҷараёни музокироти P5 + 1 дар Вена дар соли 2015 ва интиқоли вирусҳои Stuxnet ва Flame ба муассисаҳои ҳастаии Эрон ҷузъи таърихи ин амалиёти тахрибкорист.

 Аз манзари ҳуқуқи байналмилал ва ба истиноди муқаррароти илзомовар дар замининаи эминии таъсисоти ҳастаӣ ва қатъномаҳои ожонс, иқдомоти харобкорона ва ҳамалоти сойберӣ дар таъсисоти ҳастаии кишварҳо мамнӯъ аст.

 Режими ҷинояткори Исроил, аммо бо кумаки муттаҳидони террористи худ ба дунболи эҷоди буҳрон дар минтақа аст. Аз ин рӯ ҷой таъаҷҷуб нест, ки мақомҳои ишғолгари саҳюнистӣ, дар чорчӯби фаъолиятҳои тероризми давлатии худ ва ба сурати вақеҳонае иқдомоти харобкоронаро созмондиҳӣ мекунанд. Ҳамалот сойберӣ метавонад ба сурати ниёбатӣ анҷом шавад ва ҳатто ниёзе ба пазириши масъулияти мустақим нест . Шояд ба ҳамин далел бошад, ки режими саҳюнистӣ барои фирор аз масъулияти ҳамалот,  аз тариқи авомили худ ҳамалоти сойбериро алайҳи аҳдофаш анҷом медиҳад . Иқдомоти таҷовузкоронаи Исроил албата ҷанбаҳои ошкори зиёде низ дорад . Ҳамлаи соли 1981 Исроил ба таъсисоти ҳастаии Ироқ яке аз маворидест, ки ноқизи муқаррароти маншури милали муттаҳид ва амали таҷовузкорона қаламдод шуд. Шӯрои амният дар қатъномаи 487 худ ، пас аз эъломи ин ки ҳамлаи Исроил ба таъсисоти ҳастаии Ироқ ноқизи муқаррароти маншури Милал муттаҳид буда ва маҳкум аст, аз Исроил хост таъаррузот ва иқдомоти харобкоронаашро мутаваққиф кунад . Режими саҳюнистӣ, ки мавҷудияти он вобаста ба иқдомоти террористӣ аст, аммо ҳамчунон ба фаъолиятҳои харобкорона ва нақзи муқаррароти байналмилалӣ идома медиҳад. Ҳамалоти мукаррари ҳавоии Исроил ба Сурия , ҳамкории Мосад бо шабакаҳои ҷосусӣ ва гурӯҳҳои шинохташудаи террористӣ дар минтақа ва ҳамчунин фаъолиятҳои атомии ғайримутаъориф дар таъсисоти ҳастаии "Димуно" ва тадовуми фаъолиятҳои харобкорна аз навъи тероризми ҳастаӣ, ҳама аз нишонаҳои рӯйкарди таҳоҷумии хатарноки Исроил дар минтақа аст.

Дар ҳар сурат, тибқи шартномаҳои байналмилалӣ, ҳама гуна амали тахрибкории иншооти ҳастаӣ дар назди Агентии Байналмилалии Энержии Атомӣ (МАГАТЭ) нақзи принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Оинномаи МАГАТЭ ва бар хилофи санадҳои ҳатмии байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҳастаӣ. "Алӣ Акбар Солеҳӣ," раҳбари Созмони Энержии Атомии Эрон, бар зарурати мубориза бо ҷомеаи байналмилалӣ ва Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ таъкид кард. Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳақ дорад, ки нисбати ҷинояткорон, агентҳо ва мудирон чора андешад.
  
  
  Бештар бихонед :