Авлавияти Эрон тавсеаи равобити фарҳангӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ
(last modified Wed, 09 Aug 2017 06:08:20 GMT )
Август 09, 2017 11:08 Asia/Dushanbe
  • Авлавияти Эрон тавсеаи равобити фарҳангӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон гуфт, тавсеаи равобити фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, ба вижа Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Қафқоз барои Эрон авлавият дорад.

Ризо Солеҳии Амирӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон сешанбешаб пас аз гуфтугӯ бо Аристонбек Муҳаммадиули, вазири фарҳанг, гардишгарӣ, варзиш ва ҷавонони Қазоқистон дар мусоҳиба бо хабаргузории Садо ва Симо афзуд, тавсеаи равобити фарҳангӣ бо Қазоқистон дар минтақаи Қафқоз барои Эрон авлавияти зиёде дорад ва дар гуфтугӯ бо вазири фарҳанги Қазоқистон дар Теҳрон ду тараф ба тафоҳумҳои хубе расидаанд.

Солеҳии Амирӣ гуфт, Қазоқистон кишвари бузурге дар Осиёи Марказӣ аст, ки равобити бисёр густурдае бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад ва иродаи ду кишвар тавсеаи равобит дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ аст.

Вай хотирнишон кард, Эрон ва Қазоқистон дар ҳавзаи ҳунар, синамо ва дар заминаи табодули таҷрибаҳо байни ҳунармандон ва омӯзишҳои синамоӣ ва сохти филми муштарак ба тавофуқ расиданд.

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон ҳамчунин гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти Қазоқистон бар мавзӯи терроризм ва таҷрибаҳои Эрон дар хусуси муқобила бо он дар минтақа, ду кишвар метавонанд аз тариқи ҳамкориҳои муштараки фарҳангӣ бо падидаи терроризм муқобила кунанд.

 Аристонбек Муҳаммадиули, вазири фарҳанг, гардишгарӣ, варзиш ва ҷавонони Қазоқистон ҳам бо ибрози хурсандӣ аз ҳамкории фарҳангӣ бо Эрон гуфт, дар музокирот бо тарафи эронӣ тавонистем гомҳои мушаххасеро дар хусуси ҳамкориҳои муштарак дар ҳавзаҳои синамо, театр, адабиёт ва ҳамчунин баргузории намоишгоҳи муштарак бардорем.