Август 09, 2017 16:20 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҷиноят дар вилояти Сари Пули Афғонистонро маҳкум кард

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҷинояти террористҳоро дар вилояти Сари Пули Афғонистон маҳкум кард.

Баҳроми Қосимӣ ҷинояти гурӯҳҳои террористиро дар минтақаи Мирзоваланги вилояти Сари Пул маҳкум кард ва зимни таслият ба миллату давлати Афғонистон, бо хонаводаи қурбониёни ин ҷинояти ғайриинсонӣ ибрози ҳамдардӣ кард .

Қосимӣ гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба кинаварзӣ ва хусумати деринаи душманони миллати мазлуми Афғонистон, ҳушёрии давлат ва ҳамаи оҳоди мардуми Афғонистон зарурӣ аст .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бар зарурати ҳифзи ваҳдату ҳамбастагии мардуми Афғонистон дар баробари ингуна фаҷоеи талхи инсонӣ ва иқдомоти тафриқаомез ва фирқагароёнаи гурӯҳҳои террористӣ таъкид кард .