Хатиби ҷумъаи Теҳрон: То фаро расидани қиёмат ба ҳисобамон расидагӣ кунем
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) ба зарурати расидагии инсон ба ҳисобаш қабл аз фаро расидани Рӯзи қиёмат таъкид кард.
Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон ба мавзӯи ҳисоб дар Рӯзи қиёмат ишора карда гуфт, бояд дар ёд дошт, ки дар қиёмат падару модар, хоҳару бародар, фарзанду ҳамсар аз мо талаб мекунанду домани моро хоҳанд гирифт. Муваҳҳиди Кирмонӣ бо таъкид бар ин ки мутобиқи усули дини Ислом, қабл аз ин ки ба ҳисобмон расидагӣ шавад, бояд худамон ба ҳисоби корҳоямон расидагӣ кунем, афзуд, дар қиёмат ба ҳисоби бархе ба сахти расидагӣ мешавад ва ҳисоби бархе дигар осон мавриди расидагӣ қарор мегирад, ки ин ҳама бастагӣ ба аъмоли инсон дар ин ҷаҳон дорад. Хатиби намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон ҳамчунин бо даъвати худу дигарон ба риояти тақво гуфт, бар асоси оёту ривоёт, ҳама бояд муроқиби рафтору кирдори худ дар ҷаҳон бошем, то дар охират зиёнкор нашавем.