Август 11, 2017 18:52 Asia/Dushanbe
  • Эрон омодаи вокуниш ба ҳар гуна нақзи тавофуқи ҳастаӣ аст

Муовини вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати нақзи БАРҶОМ Эрон барои ҳар эҳтимоле омодагӣ дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Аббоси Ироқчӣ рӯзи ҷумъа дар суханоне дар Бунёди сулҳи “Сасакава”-и Ҷопон дар бораи БАРҶОМ ва таъсири абъоди он дар сатҳи байналмилалию минтақаӣ гуфт, БАРҶОМ аз ҷойгоҳи қавие дар сатҳи байналмилалӣ бархурдор аст ва на танҳо Қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, балки Иттиҳоди Урупо ва ҷомеаи байналамилал ҳам аз он ҳимоят мекунанд. Ироқчӣ баҳонаҷӯиҳои Амрико ва таҳрими Эрон бо баҳонаи барномаи мушакиро напазирфтанӣ дониста гуфт, барномаи мушакии Эрон маҳсули тавонмандиҳои мардуми Эрон аст ва барномаест дифоӣ.

Муовини вазири умури хориҷии Эрон афзуд, Эрон яке аз босуботтарин ва амнтарин кишварҳои минтақа аст ва бар хилофи бисёре аз кишварҳои дигар маншаи қудрату тавони он танҳо мардуми Эрон аст.

 

Барчасп