Август 14, 2017 17:31 Asia/Dushanbe
  • Ташарруфи ҷавони аҳли Хорватия ба дини мубини ислом

Як ҷавони масеҳии аҳли Хорватия бо ҳузур дар масҷиде дар шаҳри Рашт (шимоли Эрон), бо гуфтани шаҳодатин мусулмон шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Крешмир Петӣ, ҷавони аҳли Хорватия баъд аз ташарруф ба дини мубини ислом, номи Амиралиро барои худ интихоб кард .

Ин ҷавони аҳли Хорватия аз тариқи як эронии мусулмон дар Италия ва бо мутолиа ва таҳқиқ бо дини мубини ислом ошно шуд .

Дар солҳои ахир, шумори зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои мухталифи аврупоӣ ва амрикоӣ дар амокини зиёратии Эрон ба дини мубини ислом гаравидаанд .