Бонуи ҷопонӣ: Эрониҳо фарҳангу тамаддунро ба ҷопон овараданд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i21690-Бонуи_ҷопонӣ_Эрониҳо_фарҳангу_тамаддунро_ба_ҷопон_овараданд
Як бонуи ҷопонӣ дар яке аз барномаҳои телевизионии Эрон гуфт: Эрониҳо пояҳои императориро дар Ҷопон бино карданд ва тамаддун ва фарҳангро ба ин кишвар оварданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 15, 2017 12:45 Asia/Dushanbe
  • Бонуи ҷопонӣ: Эрониҳо фарҳангу тамаддунро ба ҷопон овараданд

Як бонуи ҷопонӣ дар яке аз барномаҳои телевизионии Эрон гуфт: Эрониҳо пояҳои императориро дар Ҷопон бино карданд ва тамаддун ва фарҳангро ба ин кишвар оварданд.

Ба нақл аз Спутник, ин бонуи ҷопонӣ, ки ба забони форсӣ мусаллат буд, афзуд: Ҷоддаи Абрешим барои ҷопониҳо аҳаммияти бисёр вижае дорад, зеро 2000 соли пеш, муҳоҷирони эронӣ, ки аз тариқи ҷоддаи Абрешим ба Ҷопон сафар кардаанд, пояи императорӣ дар Ҷопонро бино гузоштанд ва тамаддун ва фарҳангро ба ин кишвар оварданд .

Ба гуфтаи ин бонуи ҷопонӣ, дар музеи Ҷопон порчаҳои қадимии эронӣ ва порчаҳои абрешимӣ, ки имрӯз дигар дар Эрон вуҷуд надорад, нигаҳдорӣ мешавад ва ҷопониҳо маросиме ҳамчун чаҳоршанбесурӣ ва сездаҳбадарро низ баргузор мекунанд .

Ин шаҳрванди ҷопонӣ гуфт: Эҳтиром ба хонавода ва хонаводадӯстӣ дар Ҷопон низ баргирифта аз фарҳанги эронӣ аст .