Август 15, 2017 13:47 Asia/Dushanbe
  • Баррасии салоҳияти вазирони давлати ҷадиди Эрон дар маҷлиси ин кишвар

Ҷаласаи алании Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон субҳи имрӯз барои баррасии салоҳияти вазирони пешниҳодии давлати давоздаҳум оғоз шудааст.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симо, дар ибтидои ин ҷаласа, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон куллиёти барномаи давлати ҷадиди худро ироа ва аз вазирони пешниҳодии худ дифоъ кард .

Сипас 10 намояндаи маҷлиси Эрон дар мувофиқат ва мухолифат бо барномаҳои ироашудаи давлат ва кобинаи пешниҳодии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон суханронӣ карданд .

Пас аз ин марҳала, намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрони вориди баррасии корномаи кории вазирони пешниҳодӣ мешаванд ва барои ҳар вазири пешниҳодӣ ду намояндаи мувофиқ ва ду намояндаи мухолиф суҳбат хоҳанд кард .

Сипас вазири пешниҳодӣ низ аз барномаи худ дифоъ мекунад ва раъйгирӣ барои ҳар вазир ба сурати ҷудогона анҷом мешавад .

Кори баррасии салоҳияти вазирони пешниҳодии давлати Эрон тибқи барномарезии анҷомшуда 35 соат замон мебарад.

Раисҷумҳури исломии Эрон ҳаштуми августи 2017, дар номае вазирони пешниҳодии давлати давоздаҳумро ба Маҷлиси Шӯрои исломӣ муаррифӣ кард.

 

Барчасп