Август 15, 2017 18:13 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи парлумони Эрон: Эрон мухолифи нақзи ҳокимияти Тоҷикистон аст

Узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон бо радди иддаои ахири Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, Эрон мухолифи ҳар иқдоме аст, ки ҳокимияти Тоҷикистонро нақз мекунад.

Ардашери Нуриён дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Хонаи миллат"-и Маҷлиси Шӯроии Исломии Эрон гуфт, Тоҷикистон аз кишварҳои порсизабоне аст, ки ҷузъи тамаддуни эронӣ ва ҳавзаи Наврӯз шинохта мешавад, аммо ахиран равобити дуҷониба бар асари суибардоштҳои тарафи муқобил дучори рукуд шудааст. Намояндаи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ гуфт, пас аз фурӯпоши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва навъи нигоҳи дӯстонаю самимонаи Теҳрон ба Душанбе мавзӯе нест, ки касе битавонад мункири он бошад. Узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон гуфт, Тоҷикистон дар ҳамкориҳои созанда бо ҷумҳурии исломӣ метавонад зимни муқобила бо таҳдидоти амниятӣ ба манофеи иқтисодию фарҳангӣ даст пайдо кунад. Ӯ тасреҳ кард, бархе авомили берунӣ ба дунболи коршиканӣ дар равобити Эрону Тоҷикистон ҳастанд ва дар ин чорчӯб амрикоиҳо ва режими Саудӣ нақши фаъолеро алайҳи Эрон дар Душанбе дунбол мекунанд.

Нуриён гуфт,  он чӣ дар расонаҳои Тоҷикистон алайҳи Эрон матраҳ шуда, кизб аст ва Эрон ҳар гуна иқдомеро, ки нақзи ҳокимияти Тоҷикистон бошад, маҳкум мекунад. Намояндаи парлумони Эрон таъкид кард, “Тоҷикистон набояд асири ҳарфҳои хилофи воқеи кишварҳои фаромитақаӣ шавад ва мо умедворем, бо оянданигарии Эмомалӣ Раҳмон ду кишвар ҷиҳати таҳкими равобит гом бардоранд”.