Август 16, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи дувуми баррасии салоҳияти вазирони пешниҳодии кобинаи Рӯҳонӣ

Баррасии салоҳияти вазирони пешниҳодии кобинаи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дувумин рӯз пайдарпай дар саҳни кушоди Маҷлиси Шӯрои исломии ин кишвар идома дорад.

Ҷаласаи кушоди Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ба раёсати Алии Лориҷонӣ субҳи рӯзи чаҳоршанбе бо дастури кори идомаи баррасии салоҳияти вазирони пешниҳодии Ҳасани Рӯҳонӣ барои кобинаи дувоздаҳум оғоз шудааст.

Баррасии салоҳияти вазирони пешниҳодӣ аз рӯзи сешанбе бо дифои раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ин вазирон оғоз шуд ва дар идома 18 намояндаи мувофиқ ва мухолиф назароти худро дар мавриди вазирони пешниҳодӣ эълом карданд.

 

Барчасп