Девори ҷанубии Тахти Ҷамшед аз дили хок сар баровард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i21956-Девори_ҷанубии_Тахти_Ҷамшед_аз_дили_хок_сар_баровард
Ҳамзамон бо ковиши оброҳаҳои Маҷмӯаи ҷаҳонии Тахти Ҷамшед девори пинҳони бахши ҷанубии ин маҷмӯа ошкор ва шиносоӣ шуд.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Август 20, 2017 11:08 Asia/Dushanbe
  • Девори ҷанубии Тахти Ҷамшед аз дили хок сар баровард

Ҳамзамон бо ковиши оброҳаҳои Маҷмӯаи ҷаҳонии Тахти Ҷамшед девори пинҳони бахши ҷанубии ин маҷмӯа ошкор ва шиносоӣ шуд.

Бинобар иттилои идораи кулли мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии устони Форси Эрон, Алии Асадӣ, бостоншинос ва сарпарасти ҳайати бостоншиносии оброҳаҳои Тахти Ҷамшед гуфт, дар фасли сеюми ковиши оброҳаҳои ин бинои бостонӣ бахше аз ин девор, ки 14 метр баландӣ дорад, кашф шуд. Асадӣ гуфт, бо шурӯи ковишҳои Тахти Ҷамшед аз 90 сол пеш хоки ҷамъшудаи ковишҳо дар бахши ҷанубии тахт теппаеро ба вуҷуд оварда, ки бахше аз девори ҷанубиро нопадид карда буд. Ӯ афзуд, бо хокбардории комили девори ҷануб масири гардишгарӣ низ дар оянда тағйир хоҳад кард. Масъудризои Мунфарид, мудири пойгоҳи Тахти Ҷамшед низ гуфт, агар ин тарҳ дар солҳои оянда ба поён бирасад, масири аслии вуруди мардуми ҳахоманиширо тарроҳӣ хоҳем кард.

Маҷмӯаи Тахти Ҷамшед наздик ба 26 қарн пеш сохта шуда, 126 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад. Тахти Ҷамшед ҳудадан дар 60-километрии шимоли Шероз, дар ҳавзаи шаҳристони Марвдашт қарор дорад.