Август 23, 2017 13:14 Asia/Dushanbe
  • Эрон аз тағйир дар сиёсатҳои минтақаии Арабистон истиқбол мекунад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, агар Арабистон дар сиёсатҳои минтақаии худ бознигарӣ кунад, бо аксуламали мусбати Эрон рӯбарӯ мешавад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИСНА бо баёни ин ки Эрон ҳамвора хоҳони равобити хуб бо ҳамсоягонаш будааст, таъкид кард, сиёсати Эрон дар таомул бо кишварҳои минтақа ва Арабистон дар ҳамин чорчӯб буда ва тағйире накардааст.

Зариф афзуд, Эрон муътақид аст сиёсатҳои минтақаии Арабистон тахрибгар буда ва ҳатто ба зарари ин кишвар тамом шудааст.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон дар бораи дархости Арабистон аз Ироқ барои миёнҷигарӣ байни Эрон ва Арабистон низ гуфт, Арабистон бояд дар бархе аз сиёсатҳои худ таҷдиди назар ва бознигарӣ кунад ва ин мавзӯъ дар чорчӯби манофеи миллии Риёз хоҳад буд.

Зариф бо таъкид бар ин ки Эрон ҳамвора омодагии худро барои гуфтугӯ бо Арабистон эълом кардааст гуфт: “Эрон ҳамвора дар пайи ҳалли сиёсии буҳронҳои минтақа буда, аммо мутаассифона Арабистон ин гуна амал накарда ва манофеашро дар эҷоди таниш дар минтақа ҷустуҷӯ кардааст.

 Вазири хориҷаи Эрон таъкид кард, Эрон бар эҷоди як минтақаи амн, қудратманд ва ҳамгаро таъкид дорад ва иҷрои чунин мавзӯеро дар чорчӯби манофеи миллии худ ва минтақа медонад.

 

Барчасп