Зариф: Фишори Амрико ба Ожонси байналмилалии энержии атомии Барҷомро нақз мекунад
Вазири хориҷаи Эрон фишори Вашингтон ба Ожонси байналмилалии энержии атомиро нақзкунандаи рӯҳу матни Барҷом донист.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи зариф дар номаҳое ба Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Юкиё Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки 19-уми август ирсол шудааст, таъкид кард, сафари Ники Ҳили, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид ба мақарри ожонс, рӯҳу матни Барҷомро нақз мекунад ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бояд бо ин мавзӯъ ҳирфаӣ бархурд кунад.
Ники Ҳили, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе бо Юкиё Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Вена дидор кард.
Вазири хориҷаи Эрон афзуд, Ҳили ҳадаф аз сафари худ ба Венаро фишор бар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ эълом кардааст ва ин мавзӯъ эътибори ожонсро, ки барои манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ба таври ом ва назорат бар тавофуқи ҳастаӣ (Барҷом) ба таври хос аҳамияти ҳаётӣ дорад, тазъиф мекунад.
Зариф аз Могерини ҳам ба унвони ҳамоҳангкунандаи Комиссияи муштараки Барҷом хостааст, ин номаро байни аъзои ин комиссия паҳн кунад ва масъалаи сафари намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳидро ба мақарри ожонс дар Вена дар дастури кори нишасти баъдии Комиссияи муштараки Барҷом қарор диҳад.