Август 24, 2017 20:21 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Инҳисори Ғарб дар дунё ва равобити байналмилал поён ёфтааст

Вазири хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки қатъномаҳои Шӯрои амният на ҳама чиз аст, на коғазпора, изҳор кард, қудрати низомӣ дигар таъйинкунанда нест ва абзорҳои қудратии дигаре, аз ҷумла гуфтумонсозӣ, мафҳумсозӣ ва иҷмосозӣ вуҷуд дорад, ки метавон бо онҳо манофеи миллии Эронро думбол кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар шашумин Коргоҳи омӯзишии шабеҳсозии Шӯрои амният бо меҳварияти Кореяи Шимолӣ, дар Мӯзеи сулҳи порки шаҳри Теҳрон гуфт, инҳисори Ғарб дар дунё ва равобити байналмилал поён ёфтааст.

Вай таъкид кард, баҳси иҷмоъ ва ё гуфтумонсозӣ авомили муҳимме ҳастанд, ки бо кумаки инҳо, тасмими байналмилалӣ шакл мегирад.

Зариф тасреҳ кард, Амрико дар замони Буш, муддаии назми ҷадиди байналмилалӣ шуд, назме, ки барои таҳаққуқи он ҳазинаҳои молӣ ва маънавии бисёреро ҳазина кард ва натиҷаи ин ҳазинаҳо ҷуз хушунат ва ноамнӣ дар шарқи Осиё, Сурия, Ироқ ва Афғонистон, дастоварди дигаре надошт.

Вай ҳамчунин афзуд, абзорҳои қудрати дигаре вуҷуд дорад, ки метавон аз онҳо ба хубӣ ва бомуваффақият истифода кард ва ин рӯйкарде аст, ки Эрон ва кишварҳои дар ҳоли тавсеа ва минтақа метавонанд дар оянда ба воситаи он, дар таомулоти байналмилалӣ таъсиргузор бошанд. Вай афзуд, дар дунё кунишгарони мухталифе, аз ҷумла гурӯҳҳо ва шахсиятҳои муҳим, ғайр аз давлатҳо ва ҳукуматҳо бар таҳаввулоти байналмилалӣ таъсир мегузоранд.

Вазири умури хориҷаи Эрон, имрӯз панҷшанбе ҳамчунин аз ширкати “Пӯяндагони роҳи саодат”, тавлидкунандаи мониторҳои аломатҳои ҳаётии бемор ва дастгоҳҳои электрокардиография ва умқсанҷи беҳӯшӣ дар Теҳрон боздид кард. Ин ширкат, маҳсулоти худро ба 45 кишвари ҷаҳон содир мекунад.

 

Барчасп