Баргузории маросими Бароат аз мушрикин дар саҳрои Арафот
Зоирони эронӣ рӯзи панҷшанбе дар саҳрои Арафот, маросими бароат (дурӣ ё ҷудоӣ) аз мушрикинро баргузор ва дар қатъномаи поёнии ин маросим, сиёсатҳои султаталабонаи Амрико ва режими саҳюнистиро маҳкум карданд.
Маросими бароат аз мушрикин рӯзи панҷшанбе, дар маҳалли Биъса (дафтар)-и мақоми муаззами Раҳбарӣ ва бо ҳузури густурдаи ҳаҷгузорони эронӣ дар Арафот баргузор ва паёми Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба ҳоҷиён дар ин маросим қироат шуд.
Дар поёни ин маросим низ қатъномае 10 модаӣ содир шуд, ки дар он омадааст: «Ҳоҷиёни Байтуллоҳилаҳаром, дар бораи рӯйкарди низоми султаи ҷаҳонӣ, ки дар садади коҳиши таъсири маънавӣ ва тағйири мамзмун ва мафҳуми Ҳаҷ ҳастанд, эъломи хатар карда ва бо басирати комил бар зарурати истодагӣ муқобили дасисаҳои душман таъкид мекунанд.»
Дар ин қатънома омадааст: «Зоирони Хонаи Худо, аз сиёсатҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ мабни бар эҷоди тафриқа миёни мусулмонон эъломи бароат ва бар аҳамияти ваҳдати ҷаҳони Ислом, бар меҳваи Қуръон таъкид мекунанд.»
Бар асоси ин қатънома, ҳоҷиёни ширкаткунанда дар маросими бароат аз мушрикин, озодии Қудси шариф, қиблагоҳи нахустини мусулмонон аз чанголи режими кӯдаккуши саҳюнистиро ормон ва аввлавияти бебадили уммати исломӣ дониста ва зимни ҳимоят аз миллати Фаластин, ҳаргуна талоши кишварҳоро барои оддисозии муносибот бо ин режими ғосиб ва ҳар иқдоме, ки боиси эҷоди халал дар сафҳои дарҳамтанидаи мусулмонон ва ҷабҳаи муқовамати исломӣ гардад, маҳкум карданд.
Ҳоҷиён ҳамчунин фитнаи террористҳои такфирӣ ба вижа ДИИШ-ро, тавтеаи низоми султа барои тазъифи меҳвари муқовамат ва аз байн бурдани зарфиятҳои ҷаҳони Ислом донистанд ва бар зарурати талош ва ҳушёрӣ барои муқобила бо ин фитнаи бузург таъкид карданд.
Ҳамчунин ҳоҷиёни эронӣ дар қатъномаи поёнии бароат аз мушрикин, пирӯзиҳои ахири ҷабҳаи муқовамати исломӣ дар Ироқ, Сурия ва Лубнонро ба мусулмонони ҷаҳон табрик гуфтанд ва нафрат ва инзиҷори худро аз иқдомоти гурӯҳҳои такфирӣ ба вижа ДИИШ эълом карданд.