Сентябр 01, 2017 14:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди хатиби намози Иди Қурбон бар зарурати таваҷҷуҳ ба масоили ҷаҳони Ислом

Хатиби намози Иди Қурбон дар Теҳрон таваҷҷуҳи ҳукуматҳои исломӣ ба масоил, мушкилоти ҷаҳони Ислом ва гирифторҳои мусалмонони ҷаҳонро хостор шуд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ рӯзи ҷумъа дар хутбаҳои намози Иди Қурбон дар Теҳрон фалсафаи маносики ҳаҷ, рафтан ба хонаи Худо ва гирдиҳамоии мусалмонони ҷаҳон дар Маккаро расидагӣ ба умури мусалмонону бедории уммати исломӣ дар қиболи вазъи мавҷуд дар ҷаҳон донист. Ӯ гуфт, мусалмонон бояд аз давлату раисони кишварҳои худ барқарории амният, ваҳдат ва ҷилавгирӣ аз тафриқаи миёни уммати исломиро хостор шаванд. Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ ба тавтеаҳои душманони Ислом, истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнизми байналмилалӣ дар эҷоди ҷангу хунрезӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ишора карда афзуд, нухбагони ҷаҳони Ислом ва хатибони намозҳои ҷумъа дар саросари кишварҳои исломӣ бояд дар маносики ҳаҷ ба вазъи мавҷуд дар Фаластин, Яман, Сурия ва низ ба фоидаи барқарории амнияту рафъи мушкилот барои ҷаҳони Ислом таваҷҷуҳ кунанд. Хатиби намози Иди Қурбон дар Теҳрон таъкид кард, тақвияти иттиҳод ва расидагӣ ба ҳама умури ҷаҳони Ислом як таклиф ва вазифа аст ва ҳама давлатҳои исломӣ бояд манофеи мусалмонони ҷаҳонро мадди назар қарор диҳанд.

Намози Иди саиди Қурбон рӯзи ҷумъа ҳамзамон бо Теҳрон дар саросари Эрон бо ҳузури густурдаи мардум иқома шуд.

 

Барчасп