Рӯҳонӣ фаро расидани Рӯзи истиқлоли ҷумҳурии Узбакистонро табрик гуфт
Сентябр 02, 2017 19:23 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме, фаро расидани Рӯзи миллии ҷумҳурии Узбакистонро ба раисиҷумҳур ва мардуми ин кишвар табрик гуфт.
Ҳасани Рӯҳонӣ рӯз шанбе дар паёми худ ба Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, дар партави иродаи раисони ҷумҳурии ду кишвар, сатҳи ҳамкориҳои Теҳрон – Тошканд дар тамоми заминаҳо беш аз пеш тавсеа ёбад.
Узбакистон кишваре дар Осиёи Марказӣ ва дорои марзи муштарак бо Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, ва Қазоқистон аст.
1 сентябри 1991 Узбакистон истиқлоли худро аз Шӯравӣ эълом кард.
Барчасп