Наслкушӣ дар Миёнмор - фоҷеаи ҷадиди инсонӣ
(last modified Sun, 03 Sep 2017 10:03:36 GMT )
Сентябр 03, 2017 15:03 Asia/Dushanbe
  • Наслкушӣ дар Миёнмор - фоҷеаи ҷадиди инсонӣ

Дастёри вижаи раиси маҷлиси Эрон дар умури байналмилал наслкушӣ алайҳи ақаллияти мусалмон дар Миёнмор (Бирмаи собиқ) -ро фоҷеаи ҷадиди инсонӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Хуросон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён рӯзи якшанбе дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишт: “Ақаллияти мусалмони Миёнмор ниёзманди кӯмакҳои фаврии инсонӣ ва ҳимояти сиёсӣ ва байналмилалӣ аст”.

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилал ҳамчунин аз сукути кишварҳои исломӣ дар баробари наслкушии ақаллияти мусалмон дар Миёмор интиқод кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон низ чаҳоршанбеи гузашта аз сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қиболи идомаи хушунатҳо алайҳи мусалмонони Роҳингия дар Миёнмор ибрози нигаронӣ кард ва иқдоми байналмилалиро барои ҷилавгирӣ аз поксозиҳои қавмӣ ва нажодӣ дар ин кишвар зарурӣ донист.

Дар ҳамалоти ҷадиди артиши Миёнмор алайҳи мусалмонони Роҳингия дар вилояти Рохин, дар ғарби ин кишвар, ки аз ҳудуди ду ҳафтаи гузашта оғоз шудааст, даҳҳо нафар кушта ва ҳазорон нафар аз тарси ҷонашон ба Бангладеш фирор кардаанд.

Беш аз як миллион мусалмон дар Миёнмор зиндагӣ мекунанд, аммо давлати ин кишвар аз додани ҳаққи шаҳрвандӣ ба онон худдорӣ мекунад.