Сентябр 03, 2017 18:04 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи муаззами кулли қуво: Фарзандони тавонои Эрон мояи ифтихор ва мубоҳот ҳастанд

Фармондеҳи муаззами кулли қуво, зӯҳри имрӯз (якшанбе) дар дидори фармондеҳон ва масъулони қароргоҳи падофанда ҳавоии Хотам-ул- Анбиё (с)-и артиши Эрон гуфтанд, фарзандони тавонои Эрон, чӣ дар дохил ва чӣ дар марокизи илмӣ ва фанноварии ҷаҳон, мояи ифтихор ва мубоҳот ҳастанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қуво, неруи инсонии бо савод, бо тадбир, шуҷоъ ва хастагинопазирро поя ва асоси ғалаба бар мавонеъ ва убур аз онҳо донистанд ва гуфтанд, “Пешрафтҳои фаровон дар бахшҳои мухталиф, ҳамчун неруҳои мусаллаҳ ва ҳамчунин бахши илм ва фанноварӣ, нишондиҳандаи вуҷуди тавоное дар неруи инсонии ҷавон ва пурангезаи Эрон аст”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, нусхаи илоҷбахши мушкилоти Эронро бакор гирифтан ва фаъол кардани ин тавоноиҳо ва истеъдодҳои ҷушон хонданд ва бо тақдир аз ҳамоҳангии Артиш ва Сипоҳ дар қароргоҳи падофанди ҳавоӣ ва ҳамчунин ҳамкории ин қароргоҳ бо Вазорати дифоъ ва донишгоҳҳо ва марокизи илмӣ дар бартараф кардани ниёзҳо ва камбудиҳо, афзуданд, кор ва талошро бо оҳанги пуршитобтар аз қабл идома диҳед ва бо ироаи тарҳҳои нав ва ибтикорӣ дар ҷиҳати худкифоии Эрон, ба пеш биравед.

Фармондеҳи муаззами кулли қуво, қароргоҳи падофанди ҳавоии Хотам- ул-Анбиё (с)-и артиши Эронро «хатти муқаддами дифоъ аз ҳайсият ва мавҷудияти кишвар» хонданд ва бо ишора ба нақши бебадили неруи инсонӣ дар пешрафти бахшҳои мухталиф, аз ҷумла неруҳои мусаллаҳ, таъкид карданд, бояд бо кор ва талоши бевақфа, истеъдодҳои пуршумори неруи инсониро шукуфо кунед ва онро дар хидмати рафъи ниёзҳо ва камбудиҳои Эрон қарор диҳед.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, хидмат дар хатти муқаддами муқобила бо таҳдидотро фурсате арзишманд барои неруҳои ғаюр, муъмин ва шариф дар қароргоҳи падофанди ҳавоии артиши Эрон баршумурданд ва афзуданд, “Корҳои бисёр хубе дар қароргоҳи падофанди ҳавоӣ анҷом шудааст, ки нишондиҳандаи вуҷуди азму ангеза ва тавоноӣ дар ин нерӯ аст”.

 

 

Барчасп