Мувофиқати Раҳбари инқилоб бо афв ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон
Сентябр 07, 2017 11:13 Asia/Dushanbe
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба муносибати идҳои Қурбон ва Ғадири Хум, бо пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозот 1166 нафар аз маҳкумони додгоҳҳои Эрон мувофиқат карданд.
Оятуллоҳ Содиқи Омулии Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон, дар номае ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти ҳазору166 нафар аз маҳкумонеро, ки дар Комиссияи марказии афв ва бахшудагии қувваи қазоия воҷиди шароити лозим ташхис дода шудаанд, ироа кард.
Ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 асли 110 Қонуни асосии Эрон, мавриди мувофиқати ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ қарор гирифт.