Табрики раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме, фаро расидани 26-мин солгарди Истиқлоли Тоҷикистонро ба давлат ва мардуми ин кишвар табрик гуфт.
Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар паёме ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, таъкид кард, ки пайвандҳои дерина ва ногусастании фарҳангӣ - тамаддунӣ байни ду миллат, пуштивонаи бебадил ва поённопазире аст, ки равобити Теҳрон ва Душанбе бар пояи он, эҷод ва истиқрор ёфтааст.
Рӯҳонӣ ибрози умедворӣ кард, дар партави ин пайвандҳо ва иштирокоти ҳамаҷониба байни Эрон ва Тоҷикистон, ҳамкориҳои дуҷониба дар ҷиҳати таъмини манофеи муштарак ва таҳкими амният ва суботи минтақаӣ, тавсеа ва тадовум ёбад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои давлат ва мардуми Тоҷикистон, саломатӣ ва сарбаландӣ орзӯ кард.