Сентябр 10, 2017 10:26 Asia/Dushanbe
  • Ройзании Рӯҳонӣ ва Эрдуғон дар бораи авзои мусалмонони Миёнмор

Раисони ҷумҳурии Эрону Туркия шанбешаб дар ҳошияи иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Остонаи Қазоқистон дидор ва дар бораи масоили мухталиф, аз ҷумла авзои мусалмонони Миёнмор гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин дидор бо ишора ба вазъияти ғамбори мусалмонони Миёнмор гуфт, дар Миёнмор фоҷеае бузург дар ҳоли рух додан аст ва таваққуфи ҳар чӣ зудтари хушунатҳову ҷиноят алайҳи мусалмонони руҳингиёӣ ва расидагии фаврӣ ба вазъияти осебдидагону паноҳандагон бояд ҳадафи ҷамъии сарони кишварҳои исломӣ бошад.

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба ин ки кӯмакҳои инсондӯстонаи Эрон ба зудӣ барои мусалмонони осебдидаи Миёнмор ирсол мешавад, гуфт, ҳамфикрӣ ва ҳамкории кишварҳои исломӣ, ба вижа Эрону Туркия метавонад дар кӯмакрасонӣ ба онон муҳиму таъсиргузор бошад.

 Рӯҳонӣ ибрози умедворӣ кард, иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Остона дар бораи Миёнмор паёми равшану қавӣ ба касоне бидиҳад, ки дар ин кишвар алайҳи мусалмонон даст ба хушунат мезананд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия ҳам ибрози умедворӣ кард, иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Остона баёнияе дар заминаи Миёнмор содир кунад.

Вай афзуд, Туркия метавонад бо Эрон барои танзими ин баёния иқдоми муштараке анҷом диҳад ва бояд ба масъулони Миёнмор барои таваққуфи фаврии хушунатҳо зидди мусалмонон ҳушдори ҷиддӣ дода шавад.

 Эрдуғон ҳамчунин Эрону Туркияро ду кишвари бузурги минтақа донист, ки ҳамкориҳояшон дар ҳар заминае созанда аст.

 

Барчасп