Милоди Имом Мӯсои Козим (а) муборак бод
Имрӯз душанбе бистуми зилҳаҷҷаи 1438 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 11-уми сентябри 2017, солрӯзи вилодати ҳазрати Имом Мӯсои Козим (а) аст.
Имом Мӯсои Козим (а) 20 зилҳаҷҷаи соли 128 ҳиҷрии қамарӣ дар рустои «Абуоъ», воқеъ дар байни Макка ва Мадина мутаваллид шуданд. Падари эшон, ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а) аст.
Имом Мӯсо Козим (а) дар илм, тавозӯъ ва касрати садақот, саховат ва бахшандагӣ, шӯҳрати хоссе доштанд. Имом Мӯсои Козим (а) бо ҷамъи ривояот, аҳодис, аҳком ва эҳёи сунани падари гиромишон, Имом Ҷаъфари Содиқ (а) ва низ таълим ва иршоди мусулмонон, исломи ростинро, ки бо таолим ва муҷоҳидатҳои падари гиромии эшон ҷаҳон назм ва истеҳком ёфта буд, ҳифз ва тақвият кард.
Мардуми Эрони исломӣ дар шабу рӯзи вилодат бо ҳузур дар масоҷид, такоё ва дигар амокини мазҳабӣ, оинҳои солрӯзи вилодати Имом Мӯсои Козим (а)- ро баргузор мекунанд.
Суханронӣ, пахши ширинӣ, шарбат ва мавлудхонӣ, аз ҷумлаи барномаҳои солрӯзи вилодати ҳазрати Имом Мӯсои Козим (а) дар Эрони исломӣ аст.
Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати Имом Мӯсои Козим (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.