Тараддуди нафткашҳои эронӣ ба бандарҳои аврупоӣ
Мудири Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон гуфт, пас аз иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), тараддуди нафткашҳои новгони Ширкати миллии нафткаши Эрон ба банодири аврупоӣ аз сар гирифта шудааст.
Ба гузориши шабакаи итилоърасонии нафт ва энержӣ, Муҳаммади Саидинажод, мудиромили Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон афзуд, Ширкати миллии нафткаши Эрон яке аз бузургтарин новгони ҳамлу нақли дарёии маҳмулаҳои нафтиро дорад ва ҳамакнун ҳамаи маҳмулаҳои нафти хоми содиротии Эрон бо нафткашҳои эронӣ ва бидуни ҳеч маҳдудияте ба мақосиди мухталиф, аз ҷумла банодири аврупоӣ ҳамл мешавад.
Муҳаммади Саидинажод тасреҳ кард, пеш аз иҷрои БАРҶОМ фаъолияти Ширкати миллии нафткаши Эрон дар бозорҳои байналмилалӣ бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ буд, аммо бо иҷрои БАРҶОМ тараддуди нафткашҳо ва киштиҳои тиҷории Эрон бо болотарин стандартҳои ҷаҳонӣ ба бандарҳои аврупоӣ сурат мегирад.
Саидинажод бо баёни ин ки содироти нафти Эрон аз замони бардошта шудани таҳримҳо 2 баробар шудааст, хотирнишон кард, бо узвият дар 24 конвенсиюн ҳамаи нафткашҳо, киштиҳо ва шиноварҳои тиҷории Эрон бидуни ҳеч маҳдудияте дар чорчӯби муқаррароти ҷаҳонӣ фаъолият мекунанд.
Мудиромили Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон таъкид кард, бо чашмандози ҷадид дар хусуси фаъолиятҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ дар Эрон, фаъолони иқтисодӣ итминони бештаре барои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон пайдо хоҳанд кард.