Сентябр 14, 2017 16:14 Asia/Dushanbe
  • Вилоятӣ: Эрон ниёзе ба ҳавопаймоҳои амрикоӣ надорад

Мушовири Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар умури байналмилал, гуфт, иқдоми амрикоиҳо дар мамнуъ кардани фурӯши ҳавопаймо ба Эрон нақзи БАРҶОМ аст.

Алиакбари Вилоятӣ рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба мамнуъ шудани фурӯши ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба Эрон дар Конгресси Амрико, гуфт, Эрон ба ҳавопаймоҳои амрикоӣ ниёз надорад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад, ниёзҳои худро дар дохил ва ё аз тариқи дигар кишварҳо таъмин кунад.

Мушовири Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар умури байналмилал, афзуд, ин иқдоми хасмонаи амрикоиҳо дар нишасти баъдии «ҳайати назорат бар иҷрои БАРҶОМ», мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад ва ба он посухи муносиб дода хоҳад шуд.

Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар идомаи иқдомоти зидди “БАРҶОМ”-ии Вашингтон, фурӯши ҳавопаймоҳои мусофирбариро ба Эрон мамнуъ кард.

Пештар низ Стивен Мнучин, вазири хазонадории Амрико эълом карда буд, ин вазоратхона машғул бозбинии муҷаввизҳое аст, ки ба ширкатҳои Боинг ва Эйрбасс барои фурӯши ҳавопаймо ба Эрон додааст.

Доналд Трамп раисиҷумҳури Амрико, ҳамвора хилофи мавозеъи тарафҳои дигари тавофуқи ҳастаӣ, онро тавофуқи ваҳшатнок хонда ва хостори барҳам задани он аст, аммо ҷаҳон мухолифи ин хости раисиҷумҳури Амрико аст.

 

Барчасп