Сентябр 15, 2017 16:10 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Режими Исроил саҳанагардони куштори мусалмонони Миёнмор аст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, дар пушти саҳнаи куштору овора кардани садҳо ҳазор мусалмони миёнморӣ режими саҳюнистӣ қарор дорад.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон куштори мусалмононро дар Миёнмор фоҷиаи бузурги инсонӣ дониста гуфт, Ҳукумати Миёнмор бо ҳамон силоҳе, ки режими саҳюнистӣ мусалмононро дар Ғазза мекушад, мусалмонони миёнмориро мекушад. Ӯ афзуд, Ҳукумати Миёнмор бо сангдилии тамом ба поксозии қавмӣ мепардозад ва Аун Сан Су Ҷи, мушовири олии давлат ва вазири умури хориҷии ин кишвар, ки барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел аст, ҳамчунон дар қиболи ин наслкушӣ сукут кардааст.

Оятуллоҳ Хотамӣ мавзӯи ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқро ҳам тавтеаи ҷадиди истикбору режими саҳюнистӣ дониста гуфт, ҳимояти режими саҳюнистӣ аз ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ нишон медиҳад, ин режим пас аз шикаст дар тавтеаи эҷоди гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқу Сурия ба дунболи тавтеаи ҷадид барои таҷзияи Ироқ аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар вокуниш ба бархе иддаоҳо дар бораи бозрасӣ аз марказҳои низомии Эрон бар асоси Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) низ гуфт, марокизи низомӣ асрори миллати Эрон аст ва протоколи илҳоқӣ ва БАРҶОМ иҷозаи ҳеҷ бозрасӣ аз асрори Эронро надодааст. Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин ҳамлаи террористии рӯзи панҷшанбеи гурӯҳи террористии ДИИШ дар вилояти Зиқори Ироқ ва шаҳодати ҷамъе аз зоирони эронию ироқиро маҳкум карда, онро нишонаи дармондагии террористҳо донист.