Сентябр 15, 2017 16:53 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Эрон барои мусалмонони Миёнмор

Нахустин маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон барои кумак ба мусалмонони Руҳингиёи Миёнмор ба Бангладеш ирсол шуд.

Ба гузориши ИРНА, маҳмулаи 40-тоннаии кумакҳои башардӯстонаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон, ки субҳи рӯзи ҷумъа ба Бангладеш ирсол шуда, шомили маводи ниёзи аввалия, беҳдоштӣ, дармонӣ ва ғизоӣ аст.

Муртазо Салимӣ, раиси Созмони имдоду наҷоти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон дар ҷамъи хабарнигорон ба ҳамкорӣ накардани Ҳукумати Миёнмор барои дарёфту тавзеи ин маҳмулаи кумакҳои инсондӯстона миёни мусалмонони Руҳингиё ишора карда гуфт, ба ҳамин далел кумакҳои Эрон миёни оворагони миёнморӣ, ки дар урдугоҳҳои изтирории Бангладеш мустақар ҳастанд, тақсим мешавад. Ӯ афзуд, як тими арзёби олии муташаккил аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва муовини вазири умури хориҷии Эрон барои арзёбии охирин вазъияти будубош, беҳдошт ва тағзияи мусалмонони руҳингиёӣ ҳамроҳи кумакҳо ба Бангладеш эъзом шудаанд, то пас аз арзёбиҳои онҳо маҳмулаҳои дигар ирсол шавад. Салимӣ ҳамчунин аз омодагии истиқрори чодарҳои имдодӣ барои оворагон хабар дод ва гуфт, Созмони имдод ва наҷоти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон омодагӣ дорад, то тимҳои мутахассис дар робита ба сокин кардани мардум дар ҳолатҳои изтирорӣ ва муваққатиро низ ба Бангладеш эъзом кунад.

Бар асари ҳамалоти Артиши Миёнмор ба мусалмонони Руҳингиёи иёлати Рохин, ғарби ин кишвар, ки аз 25-уми август оғоз шудааст, ҳазорон нафар куштаву захмӣ ва ҳудуди 380 ҳазор нафар овора шудаанд.

 

 

Барчасп