Нуфузи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба марказҳои фармондеҳии артиши Амрико
(last modified Sat, 16 Sep 2017 04:29:25 GMT )
Сентябр 16, 2017 09:29 Asia/Dushanbe
  • Нуфузи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба марказҳои фармондеҳии артиши Амрико

Фармондеҳи неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт: Споҳи посдорон дар чанд соли гузашта ба марказҳои контроли фармондеҳии артиши Амрико нуфуз кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Амиралии Ҳоҷизода фармондеҳи неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо ин хабаргузорӣ афзуд: Амрико барномаҳои муҳиме барои минтақаи Ховари Миёна дошт, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамаи тарҳҳои Амрикоро бо шикаст мувоҷеҳ кард.

Ҳоҷизода тасреҳ кард: Сипоҳи посдорони инқилоб исломӣ асноде аз ҳимояти Амрико аз гурӯҳи террористи ДИИШ дар Ироқ ва Сурия дорад ва агар иҷоза пайдо кунад, онҳоро мунташир хоҳад кард, ки ин мавзӯъ барои Амрико расвоии бузурге аст.

Ин фармондеҳи низомии Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро қудрати нахусти минтақаи Ховари Миёна донист ва афзуд: Артише ҳамтарози Сипоҳи посдорон дар ҷаҳон вуҷуд надорад ва бисёре аз артишҳои кишварҳои ҷаҳон, ки барои мубориза бо такфириҳо ба минтақа омаданд, ҳаммонанди Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон муваффақ набуданд.

Ҳоҷизода ҳамчунин бо ишора ба иддаои Амрико барои дар ихтиёр доштани «модари бомбаҳо» гуфт: Эрон «падари бомбаҳо»-ро дар ихтиёр дорад ва саноеи дифоии Эрон, бомбаҳоеро бо ҳудуди 10 тонна вазн ба супориши неруи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тавлид кардааст.