Сентябр 16, 2017 21:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳайати эронӣ дар урдугоҳи мусулмонони руҳингиёӣ дар Бангладеш

Дар пайи ҷиноёти артиш ва буддоиҳои ифротии Миёнмор зидди мусулмонони руҳингиёӣ ва фирори онон ба самти Бангладеш, ҳайати эъзомии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар урдугоҳи мусулмонон дар манотиқи марзии Бангладеш ва Миёнмор ҳузур ёфт.

Аъзои ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сарпарастии Иброҳими Раҳимпур, муовини Осиё ва Уқёнусияи вазири хориҷаи Эрон, рӯзи шанбе аз урдугоҳи оворагони руҳингиёӣ дар манотиқи марзии Бангладеш ва Миёнмор боздид ва бо ҷамъе аз сокинони ин урдугоҳҳо дидору гуфтугӯ карданд.

Ҳамзамон бо ҳузури ҳайати эронӣ дар урдугоҳи мусулмонони руҳингиёӣ, тавзеи кӯмакҳои инсондӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар миёни оворагони сокин дар ин урдугоҳ оғоз шуд.

Бар асари ҳамалоти артиши Миёнмор ба мусулмонони руҳингиёӣ дар устони Рохин, ғарби ин кишвар, ки аз 25 августи гузашта оғоз шудааст, ҳазорон нафар кушта ва захмӣ ва беш аз 400 ҳазор нафар овора шудаанд.

 

Барчасп