Сентябр 17, 2017 14:19 Asia/Dushanbe
  •  Сабти Маривон дар феҳристи осори ЮНЕСКО ба унвони шаҳри ҷаҳонии “геваи курдӣ”

Мудири кулли мероси фарҳангии устони Курдистон, дар ғарби Эрон гуфт, шаҳристони Маривон ба унвони шаҳри ҷаҳонии “геваи курдӣ” (клош ё калӯш) дар феҳристи осори Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ба сабт расид.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Сайид Муҳсини Алавӣ афзуд, вуҷуди чаҳор ҳазору 355 ҳунарманди фаъол дар заминаи тавлиди клоши курдӣ, муҳимтарин потенсиали сабти ин кафш ба унвони як ҳунар ва шаҳри Маривон ба унвони як шаҳри саноеи дастӣ дар ҷаҳон аст.

Вай афзуд, то кунун чаҳор шаҳри Эрон бо қобилиятҳои мухталифе шомили Машҳад – шаҳри ҷаҳонии сангҳои қиматбаҳо, Исфаҳон- шаҳри ҷаҳонии саноеи дастӣ, Табрез- шаҳри ҷаҳонии фарш ва Лолачин ба унвони шаҳри ҷаҳонии сафол, дар созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ба сабт расида, ки Маривон ба унвони шаҳри ҷаҳонии клош ва саноеи дастӣ ба унвони панҷумин шаҳри сабтшудаи Эрон дар ин феҳрист аст.

Клоши курдӣ бо таърихи беш аз ду ҳазор сол, ҷижаи манотиқи Курдистон ва кафши комилан порчаӣ бо равияи нахӣ аст, ки по дохили он арақ намекунад.

Ба хотири истифода аз маводи масрафии комилан табиӣ, дар хок камтар аз як сол таҷзия мешавад ва аз назари зистмуҳитӣ ҳеҷ навъ олудагӣ баъд аз истифода эҷод намекунад. Дар ҳоле, ки дигар кафшҳо баъд аз истифода чанд сол тӯл мекашад то дар зери хок таҷзия ва нобуд шаванд.