Сентябр 17, 2017 16:46 Asia/Dushanbe
  • Аввалин медали ҷаҳонии волейбол барои Эрон

Тими миллии волейболи Эрон дар як бозии сахт бо натиҷаи 3 бар 2, тими миллии волейболи Фаронса қаҳрамони Лигаи ҷаҳониро мағлуб кард, то аввалин медалашро аз мусобиқоти ҷаҳонӣ касб кунад.

Тими миллии волейболи Эрон дар охирин рӯзи мусобиқоти Ҷоми қаҳрамонони бузург дар Ҷопон, тавонист аз сади Фаронса- қаҳрамони Лигаи ҷаҳонии 2016 бигузарад ва ба медали бурунзи ин мусобиқот даст ёбад.

Ин нахустин медали ҷаҳонии волейбол барои Эрон дар раддаи бузургсолон аст.

Тими миллии волейболи Эрон, пеш аз ин дар баробари тимҳои миллии Италия, Амрико ва Ҷопон ба бартарӣ даст ёфта буд ва танҳо дар муқобили Бразилия қаҳрамони Олимпии 2016, натиҷаро вогузар кард.

Бразилия низ бо бартарӣ баробари Ҷопон дар охирин мусобиқоти худ, ба медали тиллои ин мусобиқот даст ёфт. Италия низ нуқра гирифт.

Ин мусобиқот бо ҳузури қаҳрамони волейболи қораҳо дар Ҷопон баргузор шуд.