Рӯҳонӣ: Теҳрон ба таҷовузгари ҳуқуқи Эрон дар БАРҶОМ посухи муносиб медиҳад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, Теҳрон ҳеҷ гоҳ оғозгари нақзи тавофуқоти байналмилалӣ нахоҳад буд, аммо агар тарафи муқобил бихоҳад дар баробари ҳуқуқи мардуми Эрон таҷовузгар бошад, ҳатман Эрон посухи муқтазӣ ва муносиб хоҳад дод.
Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи якшанбе дар ҷамъи нухбагон ва фарҳехтагони эронии муқими Амрико, бо баёни ин ки БАРҶОМ дар таърихи сиёсии минтақа ва ҷаҳон ҳамвора зинда хоҳад буд гуфт, эрониён дар тӯли таърих ҳамвора бар аҳди худ устувор будаанд ва то замоне, ки тарафи муқобил ба аҳди худ пойбанд бошад, бар аҳди худ хоҳанд монд.
Вай бо баёни инки БАРҶОМ як тавофуқи чандҷониба бо ҳимояти қатъномаи Шӯрои амнияти СММ аст, тасреҳ кард, хориҷ шудан аз БАРҶОМ ба маънои зери по гузоштани тааҳҳуди равшани сиёсии як давлат аст ва ин барои касе ифтихор нест.
Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба ҳузури 73 дарсадии мардуми Эрон дар интихоботи 19 майи 2017, изҳор кард, ҳузури анбӯҳи мардум дар пойи сандуқҳои раъй нишон дод, ки мардуми Эрон сарзинда ва ба сарнавишти худ ва кишварашон алоқаманд ҳастанд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард, баргузории маросими савгандёди раёсатҷумҳурӣ дар Эрон, бо ҳузури 105 ҳайати хориҷӣ ба маънои он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миллат, интихобот ва ҳузури мардуми Эрон эҳтиром мегузоранд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои суханронӣ дар 72-умин Маҷмааи умумии Созмони Милал ба Ню-Йорк сафар кардааст.