Сентябр 20, 2017 15:49 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳурии Эрон бо раҳбарони мусалмони Амрико дар Ню-Йорк

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар ин ки Ислом дини раҳмат, демократия, ақл, илм, машварат ва интихобот аст, таъкид кард, роҳи аслии мубориза бо терроризм, иқдомоти фарҳангӣ ва муаррифии исломи воқеӣ ба насли ҷавон аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон дар дидори раҳбарони мусалмони Амрико дар Ню-Йорк ба талоши қудратҳои бузург барои султа бар кишварҳои исломӣ ишора карду афзуд, қудратҳои бузург мехоҳанд терроризму ифротгарӣ ба унвони як абзор барои маҳори кишварҳо, бадном кардани Ислому мусалмонҳо дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳон идома пайдо кунад.

Рӯҳонӣ бо ишора ба куштори мардуми бегуноҳ дар Африқо, Ховари Миёна, Осиё ва дигар манотиқи ҷаҳон таъкид кард, имрӯз дар канори куштани инсонҳои бегуноҳ, Исломи воқеӣ ҳам забҳ мешавад то афкори умумии ҷаҳонӣ нисбат ба дини Ислом хадшадор шавад.

Раиси ҷумҳурии Эрон дини Исломро як қудрати ҳидояткунанда барои ҳамаи башарият донисту гуфт: “Мутаассифона, мушкили дигари мусалмонон дар канори терроризм, навъе аз тафаккур аст, ки гуфта мешавад Ислом бо демократия, раъйи мардум ва сандуқи оро мухолифат дорад”.

 Рӯҳонӣ таъкид кард, бояд фосила байни Ислом бо орои мардум, интихоботу демократияро аз байн бибарем ва бо табйину тафсире саҳеҳ аз Қуръон, Ислом ва сираи Паёмбари Ислом (с) муъзалоти имрӯзиро ҳаллу фасл кунем.

 

Барчасп