Раҳбари инқилоб: Нухбагони Амрико аз чунин раисиҷумҳур эҳсоси шарм мекунанд
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба суханони сахиф(бешармона), аблаҳона ва саросар ғайри воқеии раисиҷумҳури Амрико дар Маҷмааи умумии Созмони Милал, таъкид карданд, ин суханон ношӣ аз қудрат набуд, балки ношӣ аз асабоният, дармондагӣ ва сабӯкмағзӣ аст.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз (панҷшанбе) дар дидори раис ва намояндагони Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ, яке аз далоили аслии асабонияти бадхоҳони миллати Эронро пешрафти рӯзафзуни низоми исломӣ дар масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ донистанд ва гуфтанд,суханони Доналд Трапм, раисиҷумҳури Амрико дар Маҷмаии умумии СММ барои миллати Амрико ифтихоромез набуд ва бояд, нухбагони Амрико аз ин суханон ва доштани чунин раисиҷумҳур шарм кунанд, ки ин эҳсоси шармро низ баён кардаанд.
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд, амрикоиҳо аз солҳо қабл барои минтақаи ғарби Осиё, тарроҳӣ ва нақша доштанд ва номи онро ҳам "Ховари Миёнаи ҷадид" ё "Ховари Миёнаи бузург" гузошта буданд ва се меҳвари аслии ин тарроҳӣ низ Ироқ, Сурия ва Лубнон буданд, аммо дар се кишвар бо шикаст мувоҷеҳ шуданд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд, аммо акнун воқеаҳои минтақа ба гунаи дигар аст, зеро онҳо натавонистанд дар Лубнон коре аз пеш бибаранд, дар Ироқ дуруст баракси хостаи онҳо муҳаққақ шудааст ва дар Сурия ба рағми ҷиноятҳои бешумори Амрико ва муттаҳидонаш ва қатли оми мардуми ин кишвар ва ҳимояти густурда аз гурӯҳҳои террористӣ-такфирӣ, дар ҳоли ҳозир ДИИШ ба поёни роҳи худ расидааст ва гурӯҳҳои такфирӣ ҳамчун "Ҷабҳаи Аннусра", мунзавӣ шудаанд.
Эшон афзуданд, ҳузур ва таъсири Ҷумҳурии Исломии Эрон муҷиби муҳаққақ нашудани тарроҳиҳо ва хостаҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ дар минтақа шудааст ва ҳамин, далили асабонияти онҳост.
Пеш аз ин суханон, Оятуллоҳ Ҷаннатӣ, раиси Маҷлиси Хубрагонӣ Раҳбарӣ мавозеи инқилобии Раҳбари муаззами Инқилоби Исломро мояи дилгармии мардум хонд ва афзуд, инқилобӣ будан шарти муваффақият аст ва агар инқилобӣ набошем, тавфиқе ҳосил намешавад.