Сентябр 22, 2017 18:05 Asia/Dushanbe
  • Амир Пурдастон: Марзҳои Эронро қатлгоҳи мутаҷовизон мекунем

Ҷонишини фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард, агар душманон бихоҳанд зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаракате анҷом диҳанд, марзҳоро табдил ба қатлгоҳи онон хоҳем кард.

Амир Аҳмадрзои Пурдастон рӯзи ҷумъа, пас аз оини режаи бузурги нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Бандараббос, Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз, ҷануби Эрон таъкид кард, душманон дар сурати таҷовуз ба марзҳои Эрон бо посухи кӯбанда ва пушаймонкунандаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ҷонишини фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, артиш, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва нерӯи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон тарҳҳои низомиро мутаносиб бо таҳдидҳо омода ва дар размоишҳо тамрин мекунанд.

Имрӯз, ҷумъа, 22-юми сентябр рӯзи шурӯи ҷанги таҳмилии режими баъси Ироқ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва оғози ҳафтаи дифои муқаддас аст. Ҳамзамон бо нахустин рӯз аз ҳафтаи дифои муқаддас маросими режаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ҷавори ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон ва низ саросари Эрон баргузор шуд. Дар ҷануби Эрон ҷангандаҳои нерӯи ҳавоии артиш ва нерӯи ҳавофзои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон бар фарози Халиҷи Форс ба парвоз даромаданд. Шиноварҳои сатҳӣ ва зерсатҳии нерӯи баҳрии артиш ва Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон низ дар Халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмуз ба намоиши иқтидори нерӯҳои мусаллаҳ пардохтанд.

 

Барчасп