Посухи муҳками мардуми Эрон ба суханони беасосу зиддиэронии Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i23391-Посухи_муҳками_мардуми_Эрон_ба_суханони_беасосу_зиддиэронии_Трамп
Намозгузорон дар саросари Эрони исломӣ пас аз иқомаи намози ҷумъа тазоҳуроти зиддиамрикоӣ баргузор карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 22, 2017 15:10 Asia/Dushanbe
  • Посухи муҳками мардуми Эрон ба суханони беасосу зиддиэронии Трамп

Намозгузорон дар саросари Эрони исломӣ пас аз иқомаи намози ҷумъа тазоҳуроти зиддиамрикоӣ баргузор карданд.

Намозгузорон дар саросари Эрони исломӣ бо сар додани шиорҳои зиддиамрикоӣ суханони густохонаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро зидди миллати бузурги Эрон маҳкум карданд. Намозгузорони теҳронӣ ва дигар шаҳрҳои Эрон дар ҷараёни тазоҳуроти худ шиорҳои «Марг ба Амрико!», «Марг ба Исроил!», «Марг ба Англия!» ва «Марг ба Оли Сауд!» сар доданд. Парчамҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳам дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиамрикоӣ дар саросари Эрон ба оташ кашида шуд.

Трамп дар суханронии рӯзи сешанбеи худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки яке аз қутбҳои аслии мубориза бо террористҳо дар минтақа аст, ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард. Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон шаби сешанбе дар вокуниш ба суханони раисҷумҳури Амрико гуфт, суханони Трамп чунон беасос, шиорӣ ва бемуҳтаво буд, ки арзиши посух надорад.