Оғози соли таҳсилии нав дар Эрон
Имрӯз шанбе аввали меҳри 1396 ҳиҷри-шамсӣ баробар бо 23 сентябри 2017 мадраса(мактаб)ҳои саросари Эрон бозгушоӣ ва соли таҳсилии нав дар ин кишвар оғоз шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон соли таҳсилии 1396-1397 ҳиҷри-шамсӣ субҳи имрӯз бо ҳузури 13 миллион донишомӯз дар саросари Эрони исломӣ ба таври расмӣ бо навохта шудани занги яке аз мадрасаҳои Теҳрон ба дасти Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шуд.
Имсол ҳудуди 13 миллион донишомӯз дар 106 ҳазор мадрасаи Эрон таҳсил мекунанд.
Ҳасани Рӯҳонӣ пас аз ба садо даровардани намодини занги оғози соли таҳсилии нав дар ҷамъи донишомӯзон гуфт: Занги мадраса дар рӯзи аввали меҳр ба маънои шурӯъи ҳаракат ба самти пилла(зина)и ҷадид аст ва агар 12 сол таҳсилиро ба манзилаи 12 пилла дар назар бигирем, ҳар сол пиллааеро меёбем, то дар соли дувоздаҳум ба сакуе бирасем, ки аз он ё барои дониши болотар ё барои фаъолият дар ҷомеа худро омода кунем.
Ҳамчунин ҳамзамон бо ин маросим 146 тарҳи омӯзишӣ дар саросари Эрон ба баҳрабардорӣ расид..
Ба гузориши Садои Хуросон соли таҳсилии 1396-1397 ҳиҷри-шамсӣ субҳи имрӯз бо ҳузури 13 миллион донишомӯз дар саросари Эрони исломӣ ба таври расмӣ бо навохта шудани занги яке аз мадрасаҳои Теҳрон ба дасти Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шуд.
Имсол ҳудуди 13 миллион донишомӯз дар 106 ҳазор мадрасаи Эрон таҳсил мекунанд.
Ҳасани Рӯҳонӣ пас аз ба садо даровардани намодини занги оғози соли таҳсилии нав дар ҷамъи донишомӯзон гуфт: Занги мадраса дар рӯзи аввали меҳр ба маънои шурӯъи ҳаракат ба самти пилла(зина)и ҷадид аст ва агар 12 соли таҳсилиро ба манзалаи 12 пилла дар назар бигирем, ҳар сол пиллааеро меёбем, то дар соли дувоздаҳум ба сакуе бирасем, ки аз он ё барои дониши болотар ё барои фаъолият дар ҷомеа худро омода кунем.
Ҳамчунин ҳамзамон бо ин маросим 146 тарҳи омӯзишӣ дар саросари Эрон ба баҳрабардорӣ расид..