Август 15, 2016 16:40 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯҳои намояндаи Путин дар Теҳрон дар бораи Сурия

Намояндаи раисиҷумҳури Русия ва муовини вазири умури хориҷаи Эрон, муҳимтарин таҳаввулоти минтақа ва равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши ИРНА, Михаил Богданов- намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури Ховари Миёна, ки дишаб 14 август вориди Теҳрон шуд, имрӯз душанбе бо Ҷобири Ансорӣ-муовини арабӣ ва африқоии вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ду тараф дар ин дидор дар бораи пешбурди ҳамгароии ду кишвар дар мубориза бо терроризм ва ҳалли сиёсии буҳрони Сурия гуфтугӯ карданд.

Қарор аст, Богданов баъд аз зуҳри имрӯз бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон низ дидор ва гуфтугӯ кунад.

Ройзании Эрон ва Русия барои ҳалли буҳрони Сурия ба таври мутановиб дар Теҳрон ва Маскав анҷом мешавад.

 

Барчасп