Дидори Богданов ва Зариф дар Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i2374-Дидори_Богданов_ва_Зариф_дар_Теҳрон
Вазири умури хориҷаи Эрон ва муовини вазири умури хориҷа ва намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури Ховари Миёна, охирин таҳаввулоти минтақа ва Сурияро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 15, 2016 16:47 Asia/Dushanbe
  • Дидори Богданов ва Зариф дар Теҳрон

Вазири умури хориҷаи Эрон ва муовини вазири умури хориҷа ва намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури Ховари Миёна, охирин таҳаввулоти минтақа ва Сурияро баррасӣ карданд.

Ба гузориши маркази дипламатии умумӣ ва расонаии вазорати умури хориҷаи Эрон, Михаил Богданов, ки барои бархе ройзаниҳо бо мақомоти эронӣ дар Теҳрон ҳузур дорад, асри рӯз душанбе бо Муҳаммадҷаводи Зариф дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор охирин таҳаввулот ва мавзӯоти минтақаӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин ду тараф дар бораи шароити ҷадид дар масаълаи Сурия гуфтугӯ ва бар идомаи ройзаниҳо таъкид карданд.

Богданов пеш аз ин дидор низ бо Ҷобири Ансорӣ- муовини Ховари Миёна ва африқоии вазири умури хориҷаи Эрон мулоқот кард.