Бонуи олмонӣ дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ мусалмон шуд
Як бонуи олмонӣ бо ҳузур дар Ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) ва адои шаҳодатайн ба дини Ислом мушараф шуд.
Ба гузориши ИРНА, Ҷасмин Узерен, бонуи олмонӣ, ки барои ширкат дар маросими азодории Имом Ҳусайн (а) ҳамроҳи хонаводаи худ ба Машҳади муқаддас сафар кардааст, бо ҳузур дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ба дини Ислом мушарраф шуд.
Ин бонуи тозамусалмоншуда гуфт: “Ишқ ба ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Имом Ҳусайн аъ) муҳимтарин ангезаи ман барои гароиш ба Ислом буд”.
Вай афзуд: “Ҳамсарам мусалмон аст, аммо манро дар пазириши дин озод гузошт то ба интихоби худ беҳтарин динро баргузинам”.
Аз ибтидои соли хуршедӣ то кунун 10 нафар аз атбои кишварҳои дигар дар Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ба дини Ислом мушарраф шудаанд.