Сентябр 29, 2017 18:48 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Тарҳи ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ, саҳюнистӣ аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ, ин тарҳро саҳюнистӣ хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии ‌Кошонӣ, дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Агар минтақаи Курдистон аз Ироқ ҷудо шавад, бояд фардои торих касоне, ки боиси таҷзияи ин кишвар шуданд, посухгуи хиёнати худ бошанд .

Вай афзуд: Мақомҳои минтақаи Курдистони Ироқ ба ҷои ҳамдаст шудан бо Амрико ва режими саҳюнистӣ барои таҳаққуқи тарҳи Ховари Миёнаи ҷадид, бояд бо онон муқобила кунанд .

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ ҳамчунин бо баёни инки дифои муқаддас арзишҳои зиёдеро эҷод кард ва сабаби маъюс шудани душманон шуд, гуфт: Агар дар мавзуи барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), мақомҳои Эрон бо иқтидор муқобили зиёдахоҳиҳои Амрико истодагӣ мекунанд, ба сабаби шаҳодат, фидокорӣ ва исори размандагонест, ки улгуи худро мактаби Ошӯро қарор доданд .

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон тасреҳ кард: Асабонияти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, сарони режими саҳюнистӣ ва Оли Сауд аз Эрон ҳам ба хотири ҳамин фарҳанги шуҷоат, азхудгузаштагӣ ва фидокориҳои мардуми Эрон аст .

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ ҳамчунин дар хутбаи нахусти намози ҷумъаи Теҳрон бо таслияти айёми шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) изҳор кард: Мактаби Ошӯро, инсонҳои боарзише парвариш додааст ва ҷавонони ислом бояд фидокорӣ, исор, маънавиятро аз шаҳидони Карбало биомузанд, то битавонанд муқобили душманон истодагӣ кунанд .

 

Барчасп