Сентябр 29, 2017 19:58 Asia/Dushanbe
  • Сафари 21 қатори гардишгарии хориҷӣ ба Эрон дар се соли гузашта

Мудири кулли барномарезӣ ва назорат бар хадамоти роҳи оҳани ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Дар се соли гузашта, 21 қатори гардишгарии хориҷӣ вориди Эрон шудаанд.

Алии Козими‌маниш афзуд: Қаторҳои гардишгарии хориҷӣ ба таври мутавассит бо 80 мусофир аз мабодии мухталифи рейлии ҷаҳон ба Эрон ворид мешаванд .

Вай ёдовар шуд: Ин қаторҳо пештар аз мабдаи Туркия, Маҷористон ва дигар кишварҳои аврупоӣ ба Эрон меомаданд, аммо аз соли гузашта бо таваҷҷуҳ ба бархе мавориди ноамнӣ дар Туркия, ҳамаи қаторҳо аз марзи рейлии Сарахс (шимоли шарқ) вориди Эрон мешаванд .

Мудири кулли барномарезӣ ва назорат бар хадамоти роҳи оҳани ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард: Бисту дуввумин қатори гардишгарии байналмилалӣ низ моҳи оянда вориди Эрон мешавад .

Дар ҳамин ҳол, қатори гардишгарии байналмилалии “Ҳазору як шаб”, ки 23 сентябри ҷорӣ аз масири Ишқобод ва аз марзи Боҷгирон дар устони Хуросони Разавӣ (шимоли шарқ) вориди Эрон шуда буд, ба манзури боздиди гардишгарони хориҷӣ аз биноҳои торихӣ ва фарҳангии шаҳри Шероз (ҷануби Эрон), вориди ин шаҳр шуд .

 

Барчасп