Нишасти фармондеҳони неруҳои мусаллаҳи Эрон барои баррасии таҳаввулоти Курдистони Ироқ
(last modified Sat, 30 Sep 2017 15:41:53 GMT )
Сентябр 30, 2017 20:41 Asia/Dushanbe
  • Нишасти фармондеҳони неруҳои мусаллаҳи Эрон барои баррасии таҳаввулоти Курдистони Ироқ

Дар вокуниш ба баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ, неруҳои эронӣ ва артиши Ироқ дар марзи Эрон ва минтақаи Курдистон размоиши муштарак баргузор мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Генерал Саидмасъуди Ҷазоирӣ, сухангӯи аршади Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, рӯзи шанбе нишасти фармондеҳони неруҳои мусаллаҳи Эрон ба раёсати генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон баргузор шуд.

Вай дар бораи тасмимоти ин нишаст гуфт, дар ин ҷаласа якбори дигар ҳифзи тамомияти арзӣ ва якпорчагии Ироқ ва ғайриқонунӣ будани ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ мавриди таъкид қарор гирифт ва тадбирҳои лозим барои амнияти марзҳо ва пазириши неруҳои давлати марказии Ироқ барои истиқрор дар поёнаҳои марзии ду кишвар андешида шуд.

Генерал Ҷазоирӣ афзуд, ҳамчунин муқаррар шуд, неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва воҳидҳои аз артиши Ироқ дар марзҳои муштарак дар манотиқи марзии Қасриширин то Парвизхон (ғарби Эрон), марзи Бошамоқ дар Маривон (ғарби Эрон) ва марзи Тамарчин дар Пироншаҳр (шимолу ғарби Эрон) дар рӯзҳои оянда, размоиши муштараки иқтидор баргузор кунанд.

Ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ бо вуҷуди мухолифати ҷаҳонӣ ва вокуниши тунди давлати Ироқ, рӯзи душанбе ба исрори Масъуди Боризонӣ баргузор шуд.