Зариф: Ҳамапурсии ҷудоиталабии Курдистон суботи минтақаро ба хатар меандозад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i23859-Зариф_Ҳамапурсии_ҷудоиталабии_Курдистон_суботи_минтақаро_ба_хатар_меандозад
Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки эҳтиром ба марзу тамомияти арзии тамоми кишварҳо аҳамият дорад, тасреҳ кард, ҳамапурсии ҷудоиталабии минтақаи Курдистони Ироқ суботу амнияти минтақаро ба хатар меандозад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 01, 2017 17:05 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ҳамапурсии ҷудоиталабии Курдистон суботи минтақаро ба хатар меандозад

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки эҳтиром ба марзу тамомияти арзии тамоми кишварҳо аҳамият дорад, тасреҳ кард, ҳамапурсии ҷудоиталабии минтақаи Курдистони Ироқ суботу амнияти минтақаро ба хатар меандозад.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар гуфтугӯ бо шабакаи “ал-Ҷазира”-и Қатар тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузории ҳамапурсии ҷудоиталабӣ дар минтақаи Курдистони Ироқро ғайриқонунӣ, хилофи Қонуни Асосии Ироқ медонад. Вазири умури хориҷии Эрон Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳомии ҳамешагии мардуми курди Ироқ дониста гуфт, Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки ба минтақаи Курдистони Ироқ барои муқобила бо гурӯҳи террористии ДИИШ кумак кард. Муҳаммадҷаводи Зариф бо таъкид бар ин ки Эрон дӯсти минтақаи Курдистони Ироқ буда ва хоҳад буд, афзуд, баргузории ҳамапурсии ҷудоиталабӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ дар масири манофеи минтақа ва дӯстони курди Эрон нест. Вазири умури хориҷии Эрон тасреҳ кард, ироқиҳо бояд бо якдигар муттаҳид бошанд ва мушкилоташонро бо музокира дар чорчӯби Қонуни Асосии Ироқ ҳал кунанд.

Ҳамапурсии ҷудоиталабӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ бо вуҷуди мухолифатҳои ҷаҳонӣ ва вокуниши тунди Ҳукумати Ироқ рӯзи душанбе бо исрори Масъуд Боризонӣ баргузор шуд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳои минтақа, Аврупо ва Амрико низ зимни маҳкум кардани иқдоми Масъуд Боризонӣ, раиси минтақаи Курдстони Ироқ дар баргузории ҳамапурсии ҷудоиталабӣ ва муғойир донистани он бо Қонуни Асосии ин кишвар ҳар гуна асари қонунии натоиҷи ин ҳамапурсиро рад ва бар ҳифзи якпорчагию тамомияти арзии Ироқ таъкид кардаанд.