Октябр 02, 2017 13:33 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомҳои баландпояи низомии Эрон ва Туркия

Раиси Ситоди муштараки артиши Туркия, субҳи имрӯз (душанбе) бо раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар Теҳрон дидор ва гуфтугӯ кард.

    Генерал Hulusi Akar, раиси Ситоди муштараки артиши Туркия ва сардор сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин дидор, дар бораи таҳаввулоти минтақа ва амнияти марзҳои муштарак гуфтугӯ карданд.

  Генерал Hulusi Akar ва ҳайати ҳамроҳ дар замони вуруд ба маҳалли Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон бо қироати сурати “Фотиҳа” ба мақоми шуҳадои гумноми даврони “Дифои муқаддас” (ҷанги таҳмилии ҳаштсолаи режими Ироқ дар замон Садом алайҳи Эрон) адои эҳтиром карданд.

 Генерал Hulusi Akar асри имрӯз низ бо Адмирал Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти милли Эрон дидор хоҳад кард.

 Рухдодҳои ахир дар минтақаи Курдистони Ироқ аз муҳиммтарин мавзуҳое аст, ки дар дидорҳои мақоми аршади низомии Туркия дар Эрон, мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор хоҳад гирифт.

 Муқобила бо терроризм, амнияти марзҳои муштарак ва иҷрои тавофуқҳо миёни Эрон, Русия ва Туркия барои ҳалли буҳрони Сурия низ аз дигар меҳварҳои баҳс дар ин дидорҳо аст.

  Генерал Hulusi Akar ба даъвати генерал Муҳаммади Боқирӣ, ки моҳи августи 2017 бо ҳайати олирутбаи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Туркия сафар карда буд ба Эрон омадааст.

 

Барчасп